- лашкар
- [لشکر]тамоми қувваҳои мусаллаҳи давлат, сипоҳ, қӯшун, артиш: лашкари душман, лашкари ғоратгар, лашкари инқилоб, лашкари коргар, лашкари пиёда, лашкари фатҳу зафар, лашкари сулҳ, сардори лашкар, лашкар ҷамъ кардан, лашкареро шикаст додан, шикаст хӯрдани лашкаре; ба таври истиора: лашкари зимистон рафт, лашкари хоб аз дида гурехтан, бар лашкари ғам ҳуҷум овардан, мулки дилро гирифтани лашкари ғам; лашкари халқӣ сипоҳе, ки дар замони ҷанг барои мадад расондан ба қувваҳои мусаллаҳ аз ҳисоби одамони аз ӯҳдадории ҳарбӣ озод ташкил меёбад; лашкари ҷаррор а) лашкари сершумор, анбӯҳи лашкар; б) маҷ. лашкари далер; лашкар кашидан бо лашкар ба қасди ҷанг равона шудан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.